22-юми октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Абдураҳмонова Мастура Амиралиевна дар мавзуи «Сермаъноии ҷумлаҳои пайрав дар забони адабии муосири тоҷикӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.