25-уми сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Бахтиёрзода Муҳаббат дар мавзуи «Вежагиҳои ғоявию бадеии назми русзабони Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, робитаҳои адабӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.