24 сентябри соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-071 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, бинои 5, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдурасулова Рухшона Тошмуродовна дар мавзуи «Асосҳои методии вусъатдиҳии фаъолияти эҷодии хонандагон дар дарсҳои химия бо воситаи таълими проблемавӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 – Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ) (химия)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.