01-уми октябри соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-099 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Мустафозода Абдукарим дар мавзуи «Тасвири масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар насри бадеии Абдулҳамид Самад» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.