27-уми сентябри соли 2025, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Абдулазиззода Муборак Абдулазиз дар мавзуи “Шароитҳои педагогии ташаккули фаъолнокии эҷодии маърифатӣ ҳамчун омили муҳимми рушди шахсияти хонандагони хурдсол” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.