02 октябри соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. С. Айнӣ 299/1, маҷлисгоҳи Институт) ҳимояи диссертатсияи Рустамзода Аъзам Рустам дар мавзуи “Рушди усулҳои муайянсозии мушахассаҳои зарраи ибтидоии селҳои васеи атмосферӣ аз рӯи маълумоти детекторҳои зарраҳои зарядноки таҷҳизоти баландкӯҳӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз руйи ихтисоси 01.04.00 – Физика (01.04.01 - Асбобҳо ва методҳои физикаи таҷрибавӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи ИФТ ба номи С. У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии ш. Душанбе, к. С. Айнӣ 299/1, шинос шудан мумкин аст.