10 октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Рустамзода Сӯҳроб Ҳакимӣ дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули арзишҳои шаҳрвандӣ-ватандӯстии хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар дарсҳои таърихи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.05 – Назария ва методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.