11 октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-078 назди МДТ-и «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Қурбонзода Нигина Қурбон дар мавзуи «Асосҳои педагогии омодагии омӯзгорони оянда ба таълими интерактивӣ дар низоми талаботи илми педагогикаи муосир» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.05 − Назария ва методикаи фанҳои ҷамъиятӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.