07-уми октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-089 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Маҳмадизода Нуриддин Аҳлиддин дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рушди ҷомеаи муосир дар таҳқиқотҳои профессор Султон Наврӯзов” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа РhD - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100 - Фалсафа (6D020106 – Фалсафаи иҷтимоӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертасия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Ганди Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 шинос шудан мумкин аст.