10-уми октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Примов Мӯҳсин Муслимҷонович дар мавзуи “Асосҳои методии истифодаи компютер ва равишҳои беҳтарсозии муносибати эҳтиёт¬коронаи хонандагон дар раванди таълими технологияи иттилоотӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.