10-уми октябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-082 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Садбарги Исо дар мавзуи «Таҷрибаи таърихии муҳоҷиркунӣ ва азхудкунии заминҳои навкорам дар вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1991)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисоси 07.00.00 - Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.02 - Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.