15-уми ноябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Хайрзода Ашуралӣ Гургак дар мавзуи «Системаи методии омода намудани омӯзгорони муосири химия дар радифи муносибати проблемавӣ-ҳамгироӣ бо назардошти муҳити таълим» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02 - Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (химия)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.