17 октябри соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-083 назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Холмирзозода Дустмухамад Нуруло дар мавзуи «Баланд бардоштани самаранокии энергетикии неругоҳҳои барқии обии хурд (дар мисоли неругоҳи Октябр)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.14.02 – Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва дар китобхонаи донишкада бо нишонии 735162 вилояти Хатлон, н. Кушониён, Ҷ/ш Бохтариён, кӯчаи Н. Хусрав, 73 шинос шудан мумкин аст.