17 ноябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Аҳмадзода Бунафша Саймузафар дар мавзуи «Асосҳои консептуалии ташаккули салоҳияти муоширати байнифарҳангии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи техникӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ, таҳсилоти касбӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.