1-уми ноябри соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Абдуллозода Эмомалӣ Комил дар мавзуи «Нақши робитаи байнифаннии технологияи иттилоотӣ (информатика) дар рушди маълумотнокии математикии хонандагони синфҳои болоӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011101 – Назария ва методикаи таълими информатика (6D011101.01 – Назария ва методикаи таҳсилоти умумӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.