13-уми ноябри соли 2025, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Ҷӯраева Мунзифахон Усмоновна дар мавзуи “Шароитҳои педагогии рушди тафаккури интиқодии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

