10 декабри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) ҳимояи диссертатсияи Тиллозода Ҳаким Иброгим дар мавзуи «Нақши равандҳои химиявӣ дар кӯчиши радионуклидҳо ва металлҳои вазнин дар экосистема (дар шароити Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисосҳои 02.00.00 – Химия (02.00.01 – химияи ғайриорганикӣ) ва 03.02.08 – Экология (03.02.08.04- илмҳои техникӣ) баргузор мегардад
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.