03 майи соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-001 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 15, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Асламзода Некруз дар мавзуи «Бехатарӣ ҳамчун омили рушди устувори ҷомеаи тоҷикистонӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.