15-уми ноябри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Ҷабборӣ Насиба Ҷаббор дар мавзуи «Хусусиятҳои асосии тадбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи унвони илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23. 00. 02. – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.