20 ноябри соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Ризоева Нигинамо Маҳмадуллоевна дар мавзуи «Асосҳои педагогии ташаккули худшиносии миллии наврасон дар асоси педагогикаи халқӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.