26-уми ноябри соли 2025, соати 13.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Қувватзода Саидхон Сайвалӣ дар мавзуи “Заминаҳои молиявӣ-қарзии таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050608 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.