22-юми ноябри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Хидиров Нозимҷон Наимҷонович дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амният: ҳолат ва дурнамои инкишоф” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рўйи ихтисоси 23.00.04 - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ: инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.