29-уми ноябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Файзуллоев Фарҳод Раҷабович дар мавзуи «Ташаккули салоҳиятнокии методии омӯзгори ояндаи информатика тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.01 – Назария ва методикаи фанҳои дақиқ (информатика)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

