20 декабри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 1, толори ҷаласаи диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдусаломзода Ҷовид Абдусалом дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

