2 декабри соли 2025 соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геология, ҳуҷ. 102) ҳимояи диссертатсияи Каримӣ Мадина Давронозода дар мавзуи « Хусусиятҳои ташкили сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи вилояти Суғд (Дараи Сабз) ва таъсири он ба устуворияти геоэкологӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091100 – Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (6D091101.02 – Соҳаи илмҳои география) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо суроғаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

