8 декабри соли 2025 соати 10.00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геологияи ДМТ, толори шурои диссертатсионӣ, ҳуҷраи №102) ҳимояи диссертатсияи Раҳимзода Манижа Раҳмон дар мавзуи «Қонуниятнокии паҳншавии равандҳои экзогенӣ – геологии водии дарёи Ғунд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз руйи ихтисоси 25.00.08 – Геологияи инженерӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо суроғаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.