3-юми декабри соли 2025, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-037-и назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Ашрапова Тоҷинисо Ҳабибовна дар мавзуи “Арзиши адабӣ ва масъалаҳои матншиносии “Фавоид-ул-фуод” (нусхашиносӣ, маъхазҳо, сохтор ва сабки нигориш)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 - Адабиётшиносӣ (10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.