30 апрели соли 2024, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н. Қаробоев 63/3, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллоева Ҳангома Файзуддиновна дар мавзӯи «Коркарди технологияи маҳсулоти функсионалии қаннодии ордӣ бо иловаи орд аз донаи кадуи навъи маҳаллӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.18.01 – Технологияи коркард, нигоҳдорӣ ва коркарди хӯшагиҳо, лӯбиёгиҳо, маҳсулоти ғалладона, мевагию полезӣ ва ангурпарварӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 63/3 шинос шудан мумкин аст.