06 декабри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-078 назди МДТ-и «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Бобоев Нурлан Ермекович дар мавзуи «Инкишофи таҷрибаи иҷтимоии донишҷӯён дар раванди таълимии донишгоҳ», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.05 − Назария ва методикаи фанҳои ҷамъиятӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.