13- уми декабри соли 2025, соати 900 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Шоҳсанами Ризо дар мавзуи «Методикаи ташаккулдиҳии завқи инноватсионии хонандагон доир ба бозиҳои математикӣ дар синфҳои 5-9» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02. – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.02. – Назария ва методикаи фанҳои математикӣ (таҳсилоти умумӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо суроғаи 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

