19-уми декабри соли 2025, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-082 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Яқубшоев Афруз Хубоншоевич дар мавзуи «Таърихи санъати саҳнавӣ, мусиқӣ ва синамои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (1991- 2016)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020300 – Таърих (6D020301 – Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

