23 декабри соли 2025 соати 13-00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-063 назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5) ҳимояи диссертатсияи Ақдодова Нилуфар Нағзибековна дар мавзуи «Нақш ва мақоми сайёҳӣ дар рушди деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050700 «Менеҷмент» (6D050702 «Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ») баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБССТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 шинос шудан мумкин аст.

