26 декабри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Буриев Шоҳин Муддинович дар мавзуи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои бонкии ташкилотҳои маблағгузории хурд дар шароити муосир» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050900–Молия (6D050901-Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.

