27 декабри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 032 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Пирмаҳмадзода Бобоҷон Пирмаҳмад дар мавзуи: «Ҷанбаҳои клиникии татбиқи усули муайянкунии геномии микобактерияҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳқиқоти клиникӣ-лабораторӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.16 – Силшиносӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.
 
						 
						 
						

