30 декабри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-039 назди Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кучаи А. Қаҳҳоров 43,) ҳимояи диссертатсияи Тоҳирзода Абдуқосим Абдукарим дар мавзуи «Самаранокии прабиотики Субтилбен дар пешгирӣ ва табобати колиобактериози бройлерҳо» аз рӯи ихтисоси 06.02.02 - Микробиологияи ветеринарӣ, вирусшиносӣ, эпизоотология, занбуруғшиносӣ бо заҳрзанбуруғшиносӣ, масуниятшиносӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИТВ АИКТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734005, ш. Душанбе, кучаи А.Каҳҳоров 43 шинос шудан мумкин аст.
 
						 
						 
						

