8 январи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Зубайдуллозода Саидҷон Хайрулло дар мавзуи «Қубодиён дар асри XX - ибтидои асри XXI)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўйи ихтисоси 6D020300 - Таърих (6D020301 – Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

