8-уми январи соли 2026 соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Мародмамадзода Некбахт Гадомамад дар мавзуи «Таъсири антигипоксикӣ ва адаптогении баъзе растаниҳои шифобахши селендоштаи Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.01.04 – Биохимия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

