14-уми январи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-099 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонзода Гулдона Соҳибназар дар мавзуи «Таҳқиқи қиёсии асарҳои «Асрор» ва «Фарзанди ҳукумат»-и Ғаффор Мирзо (масъалаҳои матншиносӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6D021401 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

