15-уми январи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи дис¬сертатсияи Қавизода Аниса дар мавзуи «Омилҳои оҳангсоз дар шеъри муосири тоҷикӣ (давраи истиқлол)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6D021401– Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

