22 январи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Исломзода Фахриддин Шамсидин дар мавзуи “Рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Душанбе дар асри XX” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020300 – Таърих (6D020301 – Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ (734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33) шинос шудан мумкин аст.

