22 январи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Тиллозода Анваршо Абдулҳақ дар мавзуи «Ҳаёти иқтисодӣ–иҷтимоии Тоҷикистон дар шароити дигаргунсозиҳои асри ХХ ва аввали асри ХХI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 -Таърихи ватанӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ (734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33) шинос шудан мумкин аст.

