24 январи соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 1, толори ҷаласаи диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллобекзода Темурмалик Абдуллобек дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии истифодаи иттилооти электронӣ тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.09 – Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

