05 феврали соли 2026, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳи ШД) ҳимояи диссертатсияи Холов Фазлиддин Аббосович дар мавзуи «Таъсири қувваҳои гравитатсионӣ, тектоникӣ ва сейсмикӣ ба ҳолати шиддатнокӣ-деформатсионии васлшавии нақби ёрирасони САСТ-5-и НБО Роғун» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ (05.23.07 – Сохтмони гидротехникӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

