10 феврали соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло дар мавзуи «Ҷанбаҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои иттилоотию маърифатии хонандагони синфҳои 10-11 дар раванди таълими фанни таърихи халқи тоҷик» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.05 – Назария ва методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.

