06-уми марти соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Шамсиддинзода Фаррух Абдуқодир дар мавзуи «Самаранокии истифодабарии гидропоника дар парвариши моҳиҳои гармидӯст» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D080203 - Истеҳсоли хӯроки чорво ва хӯрокдиҳии чорво баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

