28-уми феврали соли 2026, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-095 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Давлатова Рухшона Нодирхоновна дар мавзуи «Маҳсулнокии зироатҳои фосилавӣ дар ҷараёни самаранок истифодабарии заминҳои корами обии ҷануби Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D080101 – Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

