17 марти соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шурои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Амирзода Фарнуш Амир дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.3. Ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

