28-уми феврали соли 2026, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-026-и назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи такрории диссертатсияи Суриева Шакармо Чоршанбиевна дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни омӯзиши “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

