14 майи соли 2024, соати 13:30 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Шарифзода Ёрмуҳаммад Шариф дар мавзуи «Мирзо Ҳайити Саҳбо ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷикии охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.