7-уми марти соли 2026, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён, бинои таълимии 8, синф. 102) ҳимояи диссертатсияи Ҳабибуллозода Шоҳрамазон Муҳибулло дар мавзуи «Асосҳои назариявии пешрафти илмӣ-техникӣ ва таъсири он дар рушди иқтисодӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисоси 6D050601 – Назарияи иқтисодӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

